Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, вал оқибату лил муттақин, вассалоту вассалому ъало расулиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва
асҳобиҳи аҷмаъин.
Яъне, шукр ва сипоси беҳад ба парвардигори
олам. Оқибат ва некуии охират мар парҳезгоронрост.
Ва дуруди бепоён ба пайғамбари У ҳазрати
Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи васаллам.
Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим.
Яъне, паноҳ металабам ба сӯи Аллоҳ таъоло аз
шарри шайтон, сифати шайтон ин аст, ки раҷим
аст.
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим.
Яъне, ибтидо мекунам ба номи маъбуди
(Худои) барҳақ, ки бахшанда ва ниҳоят
меҳрубон аст.
Эй номи ту беҳтарин сароғоз,
Бе номи ту нома кай кунам боз.