Сарсухан
Афзалукум ман таалламал Қуръона ва алламаҳу.
Беҳтарини шумоён шахсе, ки таълим мегирад Қуръонро ва таълим медиҳад ӯро.
Мусулмонони азиз!
Дар айни замон, ки аксари мардумони мо аз ҳуруфоти ниёгонамон бебаҳраанд, мо ин таҷдидро бо ҳуруфоти кириллӣ (замона) тартиб дода баҳри толибони илми таҷдиди Қуръон пешниҳод мекунем. Худованди азза ва ҷалла ба Шумоёни азиз илми нофиъ, амали солиҳ, зеҳни шомил (пурра) ва фаҳми закӣ (тез) ато гардонад.
Худо ёру мададгоратон бод!