«Ёддоштҳо» беҳтарин намунаи насри муосири тоҷик буда осонфаҳм, равон, дилрас ва ҷаззоб аст. «Ёддоштҳо»-ро як навъ феҳристи тафсирии дигар асарҳои устод Айнӣ номидан шояд иштибоҳ набошад, зеро агар амиқ андешед, пай хоҳед бурд, ки устод воқеаеро ба таври муҷаз дар «Ёддоштҳо» оварда бо як ҷумлаи ҳаволаӣ иброз медоранд, ки «ин матлабро дар фалон асарам пурра овардаам» (мазмунан) ва ё дар бораи қаҳрамони ҳодисае маълумот дода иттилои комилро ба яке аз романҳояш ҳавола мекунанд.