Барномаи "Navju Education" барои хонандагони мактабҳои миёна ва олӣ пешбинӣ шудааст.
Барнома аз қисматҳои зерин иборат мебошад:
1. Мавзӯъҳои фаннӣ - дар ин бахш аз фанҳои гуногун мавзӯъҳо барои мутолиа гирд оварда шудааст.
2. Суолу ҷавобҳо - ин бахш дорои феҳристи суолҳо бо ҷавобҳояшон аз фанҳои гуногун аст.
3. Онлайн-тест - дар ин саҳифа корбарони барнома метавонанд, ба суолҳои тестӣ ҷавоб гуфта, дониши худро бисанҷанд.
4. Далелҳои ҷолиб - барои онҳое ки бисёртар донистан мехоҳанд, мо далелҳои ҷолибро аз ҳар боб гирд овардем.
5. Зарбулмасал ва мақолҳо - дар ин саҳифа беҳтарин шиору зарбулмасалҳои халқҳои гуногуни ҷаҳон мавҷуд аст.
6. Чистонҳо - дорои чистонҳои ҷолиб бо ҷавобҳояш мебошад.
7. Тезгӯякҳо - бо хондани тезгӯякҳои ин саҳифа корбарони барнома нутқи худро бурро карда метавонанд.
8. Латифаҳо - барои каме фароғат намудан, мо феҳристи латифаҳоро низ дар барнома ҷой додем.